(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altВаҳдат - кафили оромиву осудагӣ

Ҳамватанони азиз!

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шумо, сокинони сарбаланди шаҳр ва кулли ҳамдиёронро бо ҷашни фархундаи миллат – Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии комил ва саодати зиндагиро таманно менамоям.

Хеле рамзист, ки тантанаҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол дар доираи тадбирҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар таҳкиму тарғиби сиёсати инсонпарварона ва ваҳдатофари Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам такони нав мебахшад.

Шоистаи зикр аст, ки падидаи беназири замони истиқлол ин расидан ба Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба шумор рафта, дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои зарин сабт шудааст. Мафҳумҳои Истиқлолият ва Ваҳдат арзиши баробар дошта, ҳамчун ғояи миллӣ дар замиру андешаи мо ташаккул меёбад.

Ин рӯзи таърихӣ, воқеан ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат заминаи устувору мусоид фароҳам овард. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки ин ҳама ободиву осудагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон меваи шаҳдбори истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Мардуми Тоҷикистон туфайли заҳматҳои шоистаю талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ тавассути сиёсати «дарҳои кушод», ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ саодатёр гардида, ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ноил шуд.

Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо ишора ба он кардаанд, ки ҷиҳати устувории рукнҳои давлатдорӣ дар кишвар корҳои шоёне ба анҷом расида, дар замони пурталотуми ҷаҳони имрӯза, бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, хатарҳои экстремистию террористӣ моро зарур аст, зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста андешаи миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, таъриху фарҳанги тамаддунофари миллати худро тарғибу таҳким бахшем ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифзу гиромӣ дорем.

Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки бо шукрона аз сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар барои таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва вусъати раванди бунёдкориву созандагӣ саъю талош намоем.

Эътимоди комил дорам, ки дар ҳамдастию шукргузорӣ барои ҳифзи ваҳдати сартосарии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи имкону тавонмандиамонро ба кор бурда, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоем.

Бори дигар ҳамаи шумо – ҳамшаҳриёни азизро бо ҷашни ҳуҷаставу муқаддаси Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона муборакбод намуда, ба ҳар хонадон оромиву хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу мекунам.

Бигузор Ваҳдати миллии халқи тоҷик ҳамеша пойдору устувор ва ҷовидона бошад!