(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altХуҷандиён дар озмоишгоҳи бузурги таърих

80 сол муқаддам, яъне субҳи 22-юми июни соли 1941 Германияи Гитлерӣ ба хоки шӯравӣ аҳдщиканона ҳуҷум кард ва бо ҳамин барои давлати советӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт.

Сокинони Хуҷандшаҳр, ки он солҳо шаҳрамон Ленинобод ном дошт, ин рўйдоди таърихро ба ҳисси масъулиятшиносӣ пешвоз гирифтанд. Омўзиши сарчашмаҳои таърихӣ ба мо даст дод, муайян созем, ки чӣ тавр хуҷандиён аз ин озмоишгоҳи бузурги таърих сарбаландона гузаштаанд.

Вазъи шаҳрро дар рўзҳои аввали ҷанг муаррихи варзида, ҷангноманависи маъруфи тоҷик Ҳасанбой Шарифов дар китоби хеш «Дилҳои пурҷасорат» (Душанбе, Нашр. «Ирфон», 1989, саҳ.14) чунин менигорад: «Бегоҳии 22-июни соли 1941 кўчаву майдонҳои Ленинобод пур аз одам буд. Мардум назди карнайҳои радио гирд омада, ба овози пуризтироби диктор бо ҳяҷон гўш меандохтанд. Ҳеҷ кадомеро бу ҷузъ ташвиши ҷанг ғами дигар ба дил намеғунҷид. Вақте ки суханони охири ахбори ҳукуматӣ «Кори мо ҳақ аст, душман мағлуб мешавад, мо ғалаба хоҳем кард» саросари кўчаҳоро мавҷи чапакзанӣ фаро гирифт. Сипас митинги умумишаҳрӣ барпо шуд».

Ба мо муяссар шуд, ки як тан аз иштирокчии ин митинг Ҳалима Мансуроваи 101 соларо дарёфт кунем, ки хотири худро аз он рўзҳо ин тавр нақл кард:

-Мо он солҳо дар маҳаллаи «Сари Баландӣ»-и шаҳр истиқомат мекардем. Нав оила барпо карда будам. Духтари калониам 2 солаву хурдиам 5 ё 6 моҳа буд. Хабари саршавии ҷангро аз карнаи радиои маҳалла шунидем. Баъд митинг шуд. Чанд нафар калоншавандаҳо баромад карда, барои мубориза бурдан бо фашистон даъват карданд. Хусусан ихтиёран ба фронт мерафтагиҳо хеле бисёр буданд. Ҳамсарам Ҳошимов Абдуалӣ низ аз аввалинҳо ба ҷанг рафтанду аммо беному нишон шуданд. Умрамро бо ҳамин ду духтар сипарӣ кардам…

Тавре муаррихи варзида профессор Ҳ.Холҷўраев дар китоби худ «ЛГПИ в годы Великой Отечественной Войны» (Нашр. «Ношир, 2012, саҳ.