(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҲар рўзи шанбе ҳамчун "Рўзи варзиш" байни сокинони шаҳри Хуҷанд қабул гардидааст, ки субҳи имрўз низ дар минтақаҳои гуногуни шаҳр машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирўзӣ ва терренкур таҳти унвони “Зебоӣ тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!” ташкил ва баргузор карда шуданд.

Машқҳои мазкур дар марказҳои шаҳр, боғҳои фарҳангӣ фароғатӣ, майдонҳои варзишӣ доир гардида, дар он зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун иштирок ва машқу тамрин намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҷалби бештари аҳолӣ ба машқҳои пагоҳирузӣ ва роҳгардӣ ва пешгирии бемории фарбеҳӣ ба ҳисоб меравад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд