(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБаҳри сазовор таҷлил намудани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2008-2009 барои дарёфти мукофоти «Тӯби чармин” оғоз гардид.

Мусобиқа тибқи нақшаи Федератсияи футбол ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар ин синну сол зиёда аз 200 нафар футболбозони наврас дар ҳайати 12 даста байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.

Мусобиқаи мазкур дар майдони футболи Муассисаи давлатии мактаби варзишии рақами 1-и шаҳр доир гардида, он тибқи қоидаҳои амалкунандаи Федератсияи байналмилалии футбол гузаронида мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки баргузории мусобиқаи мазкур ба ҳукми анъана даромада, дар он футболбозон аз рӯи се синну сол иштирок менамоянд.

Дар бозии нахустин дастаҳои футболбозони дастаҳои “Хуҷанд” ва “Сомон” рақобат намуда, он бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи “Сомон” анҷом ёфт.

Бояд таъкид намуд, ки мақсад аз баргузории мусобиқа ин пеш аз ҳама рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, густариши намуди футбол ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш ба ҳисоб рафта, он тибқи тақвими мусобиқа то 15 июли соли ҷорӣ идома меёбад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд