(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даври шаҳрии Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021»-ро баргузор гардид.

Дар фестивал-озмун аз рӯи 12 шарт: намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», суруди ҳамсараён-аккопела (бе сози мусиқӣ), намоиши либосҳои миллӣ бо иловаи навгониҳои имрӯза, навозиши умумӣ, рақси яккаи дорои мавзӯи мушаххас дар иҷрои зан ва мард, суруди якка бо либоси миллӣ дар иҷрои зан, навозиши якка бо сози нодири миллӣ, бадеҳа, дуэт ё лапар, суруди анъанавӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ ва сюитаи овозию рақсӣ доир гардида, дар маҷмӯъ барномаи ҳунарии дастаи ҳаваскорони шаҳри Хуҷанд ба маърази тамошо гузошта шуд.

Ҳайати ҳакамот баъди таҳлилу баррасӣ барои ҳар як номина баҳои худро гузоштанд. Ҳамин тавр, дар маҷмуъ дастаи ҳаваскорони шаҳри Хуҷанд дар даври шаҳрии Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» 128 холро ба даст оварданд, ки маҳорати худро дар даври ҷумҳурияӣ месанҷанд. Интизор меравад, ки ин даври ниҳоии озмун моҳи августи соли равон сурат мегирад.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳадаф аз баргузории фестивал-озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ буда, баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани он бояд тамоми муассисаву ташкилот, идораву корхонаҳо, инчунин ашхоси алоҳида саҳм гузоранд. Мақсаду меҳвари асосии фестивал-озмун боз ҳам афзун намудани меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инъикоси рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, файзу баракати истиқлолият, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстии халқҳои сарзамини Тоҷикистон мебошад.

Сипас тўҳфаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масъулин ва иштирокчиёни фаъоли фестивал озмун тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд