(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар кишвари Англия даври финалии Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика бо забони англисӣ "IMAC - online" тариқи фосилавӣ баргузор гардид, ки дар ин Олимпиада 50 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи се қишри синну солӣ иштирок намуданд.

Дар натичаи эълони расмии Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи "IMAC - online" кишвари Англия аз 50 нафар хонандагони Литсей 41 - нафарашон ғолибиятро ба даст оварданд. Аз инҳо 6 медали тилло, 17 медали нуқра ва 18 медали биринҷӣ насиби хонандагони болаёқати Литсей барои хонандагони болаёкат дар шахри Хуҷанд гардид.

Озмуни мазкур аз се даври асосӣ: мақдамотӣ, интихобӣ ва финалӣ иборат буд. Дар даври финалии озмун 50 нафар хонандагони Литсей дар даврҳо ғолибиятро ба даст оварда, дар даври финалӣ иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд кор бо хонандагони болаёқат ва гуруҳҳои олимпӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳаракати олимпии литсей 180 хонанда шомил буда, дар соли хониши 2020-2021 хонандагони болаёқати литсей дар 14 олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуданд.

Дар соли хониши 2020-2021 тибқи иттилоъи директори Литсей Сурайё Неъматова толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои ҷаҳонии HIPPO, FISO, SPELLING BEE, FIZTECH, FOXFORD, ARCHIMED, KANGOUROU, OLYMPIA, IMEC, BRICSMATH, MATH-CHALLANGE, ANTALYA дар кишварҳои Таиланд, Туркия, Федератсияи Россия, Англия, ИМА, Чин, Италия иштирок намуда, 154 медал – 51 медали тилло, 45 медали нуқра ва 58 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Инчунин хонандагони болаёқати Литсей ба даври финалии озмуни байналмиллалии HIPPO (Италия) роҳхат гирифта, мунтазири эълони натиҷаи расмии ғолибон ҳастанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд