(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар МТМУ №16 даври ниҳоии озмуни “Хонандаи сол-2021” баргузор гардид. Дар давраҳои қаблии озмун 37 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, ба даври ниҳоӣ 5 нафар роҳат гирифтанд. Довталабон донишу истеъдод ва маҳорати хешро аз рӯи шартҳои: навиштани эссе, тест, маҳорати сухандонӣ, муаррифӣ ва истеъдод намоиш доданд. Дар ҳузури ҳакамон Анзурат Аминова (ЛДП), Машҳура Юлдошева (литсейи №1), Фарзона Ахмедова (МТМУ №10), Саидҷон Бобоҷонов (гимназияи ба номи Гете) ва Маҳастӣ Иброҳимзода (МТУҒ “Ирфон”) аз рӯи ду шарти охирин баромад карданд.

Ҳайати ҳакамон ба донишу истеъдоди довталабон баҳои арзанда доданд ва дар натиҷа ғолибият насиби Саидҷон Бобоҷонов аз гимназияи ба номи Гете гардид. Ҷойи дуюмро Анзурат Аминова ва Маҳастӣ Иброҳимзода сазовор гардиданд. Ба мақоми сеюм Машҳура Юлдошева ва Фарзона Ахмедова муносиб дониста шуданд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд