(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №3-и шаҳри Хуҷанд ба чорабинии идона бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон бо ту дорам ифтихор” ҳусни оғоз бахшида шуд.

Хонандагон бо ҳисси баланди ватандўстӣ шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб дар васфи Истиқлолият сароиданд. Саҳнаи таъсирбахш аз замони солҳои аввали соҳибистиқлолӣ намоиш дода шуд.

Дар бораи санаҳои муқаддаси 30 соли Истиқлолият ва дастовардҳои он маълумот дода шуд.

Зикр гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ дар баробари он, ки неъмати бузург мебошад, ҳифзу таҳкими он ба дӯши мардуми кишвар масъулияти азимеро низ мегузорад. Яке аз омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Барои муваффақ шудан ба дастовардҳои назаррас ҳар фарди бонангу номуси миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистон сарҷамъу муттаҳид бошанд ва дар татбиқи сиёсати ободгаронаву созандаи давлату Ҳукумати мамлакат фаъолона ширкат намоянд. Бисёр муҳим аст, ки ҳар як сокини мамлакат қимату арзиши озодиву соҳибихтиёрӣ ва давлати миллиро амиқан дарк намояд ва аз имконияте, ки таърих барои мо фароҳам овардааст, пурсамар истифода барад. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки танҳо бо доштани давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва ҷомеаи пешрафта метавонем дар дунёи мутамаддин мақоми арзанда дошта бошем.

Директори МТМУ №3 Манзура Муинова чорабиниро ҷамъбаст намуда, барои ташкили чунин маҳфили бошукуҳ ба хонандагон ва омўзгорон арзи сипос намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд