(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи эълон гаштани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади тарғиб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ фестивали «Ҳунарҳои мардумӣ-муаррифгари фарҳанги миллӣ” баргузор гардид.

Ҳунарманди чирадаст Матлуба Ниёзова аз шаҳри Хуҷанд дар фествал озмуни мазкур фаъолона ширкат варзида, дар номинаи «Либосҳои миллии идона» мақоми аввалро ба даст овард.

Дар Фестивали мазкур Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода Бобоҷон иштирок ва суханронӣ карданд.

Таъкид шуд, ки таҳти сиёсати оқилонаву одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли солҳои истиқлолияти кишвари мо ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ дар ҳама ҷабҳаҳои соҳаи хоҷагии халқ ноил гашта, дар самти ободониву сохтмони иншооти ҳаётан муҳим, бунёди садҳо иншооти ҷашнии маишиву иҷтимоӣ мушарраф гардидааст. Дар марҳалае, ки мардуми Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба рушди минбаъдаи кишвари азизамон ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд, амалигардонии ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳамории шароити мусоиди иҷтимоӣ меҳвари марказӣ ва марому мақсади мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад.

Дар фестивал-озмуни мазкур 14 корхонањои саноати сабук ва бофандагии вилояти Суғд, 5 кумитаи Иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, аз ҷумла муассиаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилояти Суғд, фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, савдо., кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии вилояти Суғд, коплекси агросаноатии вилояти Суғд маҳсулотҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Ҳамчунин дар саҳна фестивал озмуни «Либоси миллӣ» ба намоиш гузошта шуд.

Ба ғолибони озмун Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд