(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАҳли хонандагон ва омўзгорони ҷомеаи литсейи политехникии шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва тарғиби дастовардҳои Истиқлолият бахшида ба 30 солагии ҷашни умумимиллӣ чорабинӣ адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Ҳумоюн бод, Истиқлоли тоҷик” баргузор намуданд.

Дар композитсияи адабӣ таҳти унвони “Тоҷикистон” шеърҳои ватандўстона дар васфи Истиқлолият, Тоҷикистон, Ватан, Президент қироат карда шуд.

Рақси попурии духтаракони синфҳои ибтидоӣ табъи ҳозиринро болида намуда, суруди “Тоҷикистон” бо ҳисси баланди ватандўстӣ саройида шуд.

Ҳамчунин сањнаи ҷолиб ва филми мустанад дар бораи фаъолияти литсейи политехникӣ намоиш дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки соҳибистиқлолӣ барои ҷомеаи мо имкон фароҳам овард, ки Ҳукумати мамлакат дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба имрӯзу фардои кишвар иқдомҳои шоистаро амалӣ намуда, ба созандагию бунёдкорӣ авҷи тоза бахшад. Натиҷаи ин аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ Ватани мо симои наву замонавӣ гирифта, ҳазорҳо иншоотҳои ҳаётан муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ бино ёфтанд. Гардиши куллӣ дар раванди таърихи давлатдории навини мо бо таҳаввулоти наҷиби соҳаи маориф ва илми кишвар низ иртиботи қавӣ пайдо намуд. Дар ин раванди барои рушду такомули давлат ва ташаккули ҷомеа саҳми зиёиёни кишвар, аз ҷумла омӯзгорон басо муҳим арзёбӣ мешавад. Соҳаи маориф, ки аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ба шумор меравад, бешубҳа дар раванди тарғибу ташвиқ, ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти миллӣ нақши муҳим мебозад.

Композитсияи “Тоҷикистон ба пеш” ба барномаи фарҳангӣ ҳусни анҷом бахшид.

Бояд қайд намуд, ки дар чорабинӣ директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрўз Саидӣ, раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфуллоҳ Раҳматзода, намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, роҳбарияти литсей иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки таъсиси Литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ талаби айём буда, яке аз дастовардҳои назарраси соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолият маҳсуб меёбад. Он даҳ сол қабл дар пояи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади татбиқи амалии Сарвари давлат ҷиҳати эълон доштани соли 2010 – Соли фарҳанги техникӣ арзи ҳастӣ намуда, барои азхуд кардани технологияи иттилоотӣ, фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ, забондонӣ ва дар маҷмӯъ, барои омода намудани намудани насли наврас ба талаботи замони муосир таъсис дода шудааст.

Тӯли ин солҳо ҷомеаи меҳнатии аҳлу тифоқи Литсей тавонистанд ба ҳадафҳои дар наздашон гузошта пурра расанд. Исботи ин гуфтаҳо он аст, ки имрӯз таваҷҷуҳи сокинон дар қиёс ба солҳои пешин ба Литсей хеле зиёд аст. Агар дар солҳои нахустини фаъолият теъдоди хонандагон ҳамагӣ 131 нафар бошанд, пас имрӯз он ба 550 нафар расидааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд