(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар даромадгоҳи ҷанубии шаҳри Хуҷанд дар минтақаи маъруфи ба истилоҳ «Спутник» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Насриддин Мавлонов қаҳвахонаи «Дарвозаи Хуҷанд» ба фаъолият оғоз намуд, ки дорои имконоти фарохи хизматрасонӣ буда, баҳри истироҳату фароғати мардум пешбинӣ шудааст. Зиёда аз 10 адад суҳбаткадаҳои барҳавою гулпечон бо фарогирии то 20 нафар барои истироҳату фароғат муҳайё карда шудааст.

Тамоми анвои хўрокҳои миллӣ бо нархҳои дастрас пешкаш мегардад. Корҳои ободонӣ дар атрофи қаҳвахонаи «Дарвозаи Хуҷанд” бо санъати баланди ободкорӣ ва муосир анҷом дода шуда, шабонгоҳ чароғу шаршараҳои зебо ба дилу вуҷуди мизоҷон ҳаловат эҳдо менамояд.

Аҳсан ба чунин соҳибкорони ватандўст, ки як гўшаи диёрро ба гулистони воқеъӣ мубаддал гардонидаанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд