(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рӯзи байналмилаии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Хуҷанд ба манзили чанде аз кӯдакони маъюб рафта, эшонро аёдат намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо Нигора Ҳомидоваи 15 сола, Ҳасанхӯҷа Боқиеви 11 сола, Муҳаммадҷон Раҳимови 9 сола ва Шукрулло Абдуқаюмови 11 таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёту фаъолияти маъюбону ятимон диққати махсус зоҳир карда, мунтазам чунин нафаронро дастгирӣ менамоянд. Пешвои миллат барои дастгирии маъюбон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, зимни сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят доимо аз ҳоли ятимону маъюбон ва ниёзмандон хабар мегиранд. Маҳз бо дастури Сарвари давлат нафақаҳои кӯдакони то 18-сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ таъин гардидааст аз 1 сентябр ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда мешаванд.

Роҳбарияти вилоят низ дар пайравӣ ба иқдомҳои инсондӯстонаи Сарвари давлат мунтазам барои дастгирии кӯдакони бемору маъюб ва ниёзманд тадбирҳои заруриро амалӣ месозад ва минбаъд низ хурдсолонро ба аёдату ғамхориҳо фаро мегирад.

Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдатшудагон маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ таќдим намуд.

Аёдатшудагон ва волидони онҳо ба роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати дастгириҳои доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаашон миннатдории худро изҳор намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд