(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар кўдакистони №33-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон маҳфили идона баргузор гардид.

Кўдакон бо шукргузорӣ аз имконоти таълиму тарбия дар муассисаҳи томактабӣ дар васфи Тоҷикистон, Ватан, муаллим, модар, миллат, Президент шеъру сурудҳои худшиносиву худогоҳӣ қироат намуданд.

Мураббиён бо усулҳои муосири таълиму тарбия машғулиятро гузарониданд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳ ба тақдири кўдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани кулли имконоти моддию маънавиро вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн таъкид мекунанд. Воқеан, кўдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангўлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд