(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони "Дониш талабу бузургӣ омӯз..." доир гардид, ки дар он 378 нафар донишҷӯёни 35 муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо ҳам рақобат доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар Олимпиада донишҷӯён аз рӯйи 14 фанни таълимӣ сабқат намуда, донишсанҷӣ намуданд.

Пас аз кори комиссияи аппелятсионӣ натиҷаҳои озмун эълон шуда, маросими ҷамъбасти Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми дар "Кохи Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Мувофиқи натиҷаи кори комиссия дар байни 35 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи якумро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ҷойи сеюмро Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиб шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд 10 нафар донишҷўён фаъолона иштирок намуда, Меҳрангез Зоҳирова, донишҷўйи соли якуми ихтисоси молия ва қарз аз фанни химия ҷои якум ва Қадриддин Ҷураев донишҷўйи соли чоруми ихтисоси технологияи иттилоотӣ ва барномарезӣ аз технологии иттилоотӣ ва Шарифҷон Абдуллоев муҳассили курси 3 ихтисоси идоракунии иқтисодии корхона мақомҳои дуюмро аз фанни аз назарияи иқтисодӣ ба даст оварданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд