(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №20-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии адабию фарҳангӣ таҳти унвони «Фурўғи Истиқлолият» бошукуҳ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳр Зоҳир Икромов, раиси маҳаллаи «Чорчароғ» ва дигар фаъолону маҳалла, омўзгорону хонандагони муассиса фаъолона ширкат намуданд.

Нахуст меҳмонон аз хаймаҳои омоданамудаи муҳассилин боздид намуда, ҳамзамон бо гўшаи ҳунармандони маҳаллаи "Чорчароғ" шиносоӣ пайдо намуданд.

Сипас барномаи фарҳангӣ адабии «Фурўғи Истиқлолият» бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Аз ҷониби хонандагони муассисаи таълимӣ барномаи фарҳангӣ саршор аз муҳаббат ва Ватану сарзамини аҷдоди пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Шеъру суруд ва гуфторҳо дар бораи Истиқлолият ироа карда шуд. Саҳнаи ҷолиб доир ба солҳои аввали Истиқлолият намоиш дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар таърихи навини Тоҷикистон Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун ҷашни муқаддас ҷойгоҳи сазовор пайдо намудааст ва ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад. Маънои аслии мафҳуми истиқлолият ҳамчун истилоҳ рафтори озодона, мустақилона ва бомантиқ доштан дар муҳити ватани обод мебошад. Аз мавқеи муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ, истиқлолияти давлат санади эътироф намудани он аз ҷониби кишварҳои дигар ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонист. Аз нуқтаи назари сиёсӣ, истиқлолият амалкарди фаъоли принсипҳои гуногун, идоракунии муназзами уфуқию амудии воҳидҳои маъмурӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ва конститутсиониро ифода менамояд.

Чорабиниро раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла афзуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми мамлакат арзиши олӣ ба шумор меравад ва дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ мақом ва манзалати хосса дорад. Зеро маҳз ба шарофати он давлати моро ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохт ва Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. “Бузургтарини дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони истиқлолият барои мардуми тоҷик давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу суботи комил ва пойдории ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорист.

Суруди умумии ватандўстона ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд