(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №12-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрии Хуҷанд машварати навбатии доимоамалкунандаи директорони муассисаҳои таълиии шаҳр баргузор гардид.

Муҳайё Акмалхўҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ҷаласаро оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно сохт.

Сипас, директори МТМУ №12 Рафоат Бегматова дар мавзуъи «Истифодаи роҳҳои фаъолгардонии хонандагон дар ҷараёни таълим» маърўза намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки барои ҳидоят намудани хонандагон ба фаъолнокӣ барои омўзгор пеш аз ҳам донишу тасаввуроти муосир зарур аст. Аввалан дар инсон тасаввурот ба амал меояд ва асоси онро эҳсосу идрок ташкил медиҳанд. Маҷмуи тасаввуротҳои инсон донишҳоро ташкил медиханд ва онҳо дар ҳалли ҳаргуна масъалаҳои фикри нақши муҳимро мебозанд. Донишҳо дар асоси пай дар пай амалӣ гаштанаш ба маҳорат табдил меёбанд. Маҳорат -дониши устувору мустаҳкамгардида мебошад. Маҳорат минбаъд дар амалия ташкил меёбад ва ба амалия табдил меёбад. Барои интихоб ва омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо пеш аз ҳама бояд худи омӯзгор дониши зиёд, маҳорати баён кардани фикр, интихоб карда тавонистани хонанда, интихоби дурусти масъала вобаста ба дониши хонанда ва ғайраро доро бошад. Барои фаъолнокии хонандагон аз усулҳои мусоир таълим истифода бурд.

Дар ҷараёни машварат ҳамзамон доир ба роҳҳои дигари фаъолгардонии хонандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Муҳайё Акмалхўҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба дигар мавзуъҳои рўзномаи машварат андешаронӣ намуда, сарварони муассисаҳои таълимиро муваззаф намуд, ки ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас натиҷагирӣ намудани соли хониши 2020-2021 тадбирҳо андешанд.

Сипас, конфронси илмӣ адабӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият-бақои давлати тоҷик», ки аз ҷониби муҳассилини МТМУ №12 омода шуда буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд