(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ободонию бунёдкорӣ дар доираи таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони маҳаллаи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд мулоқот баргузор гардид.

Вохӯрӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он дар самти пешгирии падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон, пешгирии қонуншиканӣ, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа, бетараф набудан дар рӯйдодҳои зиндагӣ, саҳми сокинон дар ободии маҳалла, истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки ҳадафи ин мулоқот пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, экстремизм, терроризм, ифротгароӣ, нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ ва дигар омилҳои номатлуб буда, инчунин фаҳмонидани моҳият ва муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», ҳамзамон тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ, созандагию бунёдкорӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа мебошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ аз падару модарон хоҳиш карда шуд, ки ба фарзандонашон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, то даст ба ҷинояткорӣ назананд. Намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ба волидайни хонандагон фаҳмониданд, ки ба шабгардии фарзандонашон роҳ надода, аз дуздӣ, ғоратгарӣ ва дигар корҳои номатлуб онҳоро дур созанд. Маълумотро оид ба ашхоси бегона дар маҳалли зист ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ манзур намоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд