(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳаи варзиш дар вилоят бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят аз рўи 22 намуди варзиш бо ҷалби варзишгарони кишвар ташкил ва баргузор шуд, ки варзишгарони шаҳри Хуҷанд дар ин мусобиқот фаъолона иштирок карда, 172 медалро аз Ҷоми мусобиқоти Раиси вилоят ба даст оварданд.

Шоми дирўз Раиси вилояти Суғд Рачаббой Аҳмадзода дар ҷамъбасти тантанаҳои Рўзи ҷавонон «Ҷоми Раиси вилоят»-ро ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода тақдим намуд.

Бояд қайд намуд, ки чорабинии идона бо роҳпаймоии ҳазорон нафар ҷавонони фаъол оғоз ёфт. Ҷавонон аз Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” то назди Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ роҳпаймоӣ намуда, дар макони баргузории чорабинӣ сарҷамъ шуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ ҷавонони фаъолони вилоят ва дар симои онҳо кулли сокинони сарбаланд, хусусан ҷавонони саодатёри вилоятамонро, ки дар асл бақои кишвару миллат ва созандаи фардои Ватани маҳбубу соҳибистиқлол ва халқи азизамон ҳастанд, ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон саминона муборакбод гуфта, ба ҳамагон сиҳатмандии комил, бахту иқболи накў ва барору бурдбориҳо таманно намуд.

Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерўи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобанд ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати мамлакат муайян намудаанд.

Зикр гардид, ки баҳри таъмини оммавияти варзиш ва муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои ҷавонону варзишгарон дар вилоят 2723 иншооти варзишӣ амал мекунанд. Дастрасӣ ба инфрасохтори варзишӣ дар вилоят сол аз сол беҳтар гардида, аз ҷумла, дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2019-2020 ва се моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 165 иншооти варзишӣ ба маблағи 41,9 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва 39,9 миллион сомонӣ аз ҳисоби ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ сохта ба истифода дода шуд.

Бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳаи варзиш дар вилоят бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон имсол дуюмин маротиба мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят аз рўи 22 намуди варзиш бо ҷалби варзишгарони кишвар ташкил ва баргузор шуда, барои рушди варзиш ва таҳкими муносибатҳои дўстӣ такони ҷиддӣ бахшид.

-Ба Шумо ҷавонони саодатманд зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардашуда ҳарчи бештар ба омўхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул бошед, то ки фардои Ватан ва ояндаи миллатро ободу осуда гардонида тавонед. Зеро шумо ҷавонони баору номуси вилоят борҳо собит намудаед, ки дар ҳақиқат пайравони асили Пешвои муаззами миллат ҳастед ва дар иҷрои кору масъулият, новобаста аз душвориҳои шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири дигар омилҳои беруна қодиру тавоноед, - илова кард роҳбари вилоят.

Дар охир ба ғолибони як қатор мусобиқаҳо диплому туҳфаҳо супорида шуда, барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Ҳунарнамоии ситораҳои намоёни эстрада, аз ҷумла Нигина Амонқулова, Мубориз Усмонов, Ҷонибек Муродов, Зулайхо Маҳмадшоева ва дигар ситораҳои маъруфи суғдӣ аз ҷумла: Гуласал Пӯлотова, Дамирбек Олимов, Фарангиси Дунё, Дилноза Каримова, Нодирабегим Усарзода ва ҳунармандони ҷавони ансамбилҳои созию овозии "Садои Суғд" Кохи Рӯдакӣ, ва Кохи Суғдиён" ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд