(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Бо мақсади тарбияи зебоипарастӣ, тарғиби маърифати экологӣ, ташаккули дўстдории табиат, васеъ намудани ҷаҳонбинии кўдакон, шавқ ба китобу олами афсона, муҳаббат ба Ватан, сарзамини аҷдодӣ, ташаккули нутқи тарбиятгирандагон, дар ниҳоди кўдакон тарбияи худшиносиву хештаншиносӣ дар МТТ №18-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти кушод таҳти унвони “Сайр дар олами афсонаҳо” ташкил ва баргузор карда шуд.

Мураббияи гуруҳи омодагӣ ба мактаб Н. Охунова ба воситаи аёният, бо роҳу усулҳои интереактивӣ, методҳои салоҳиятнокӣ машғулият гузаронида, бо сайри маонӣ дар олами афсонаҳо баҳри шавқ бедор намудани кўдакон ба китобхонӣ кўшиш намуд.

Кўдакон бо ҳиссиёти баланд дар раванди машғулият тарзи дурусти дарки афсонаро омўхта, бо қаҳрамонҳои асар шиноӣ пайдо намуданд. Дар ин радиф оид ба васфи табиат, маконҳои биҳиштосои Тоҷикистон шеъру сурудҳо низ сароида шуд.

Намояндаи шуъбаи маориф ва маъмурияти муассисаи таҳсилоти томактабии №18 ба раванди баргузории машғулияти кушод мароқ зоҳир намуда, ба сифату тарзи пешниҳоди он баҳои баланд доданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд