(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони тарабхонаву тўйхона ва марказҳои хизматрасонӣ бо мақсади риояи ҷидди талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии бемории коронвирус, бахусус риояи гигиенаи ҷамъиятӣ мулоқот баргузор гардид.

Аз ҷониби масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд, таъкид гардид, ки барои пешгирӣ намудани бемории короновирус тамоми тадбирҳои фаврӣ андешида шуда, корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳли ҷамъиятчигӣ доир ба риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ дар тамоми қаламрави шаҳр ба роҳ монда шудаааст. Ҳамзамон масоили марбут ба сироятшавӣ ва роҳҳои пешгирии он дар Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидимикӣ баҳри пешгирӣ ва пайдоиши бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19) мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он зери назорати доимӣ мебошад.

Ҳарчанд аз оғози соли равон ягон ҳолати сироятёбӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, он моро хушбин намесозад, зеро дар як қатор кишварҳои Аврупо ва давлатҳои ҳамсоя тамғаи нави бемории короновирус бошиддат паҳн шуда истодааст. Сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кўча баромадан ва масофаро риоя накардан дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ медонанд.

Мутаасифона имрўзҳо дар тарабхонаву тўйхонаҳо, марказҳои савдою хизматрасонӣ ҳолати бениқоб ҳозир шудан ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳол он, ки реҷаи ниқобӣ манъ нашудааст ва бояд ҳамагон фаъолияти хизматрасониро танҳо ба воситаи ниқоб ба роҳ монанд.

Масъулинро зарур аст, ки сари ин масъала чора андешанд ва мо бояд хуб дарк намоем, ки саломатии мо дар дасти худамон аст. Ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, машғул шудан ба корҳои фоиданок, хушбин будан дар ҳаёт моро аз чанголи ҳамагуна беморӣ мераҳонад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд