(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altВатан такя ба нерўйи ҷавонон дорад

Ҷавонони бошарафи диёри соҳибистиқлол!

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли ҷавонон ва сокинони азизро бо фарорасии Рўзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандиву хонаободӣ, рўзгори хушу хуррам ва фатҳи қуллаҳои муродро таманно менамоям.

Истиқлолият рукни муҳим ва меҳварии давлатдорӣ ва давлатсозии навини мо буда, ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳо ба ҳайси арзиши муҳими умумимиллӣ ва давлатӣ ҳамчунин бо кору фаъолияти созандаи ҷавонони бофарҳангу соҳибирода, хештаншиносу ватандўст иртиботи қавӣ дорад. Аз ин рў, масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои пуштибонӣ ва дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Дар ин замина, муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккули ҳамаҷиҳатаи ҷавонон, тарбияи хуб ва босамари насли ояндасоз, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи дурусти зиндагӣ ва кору фаъолият, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри азхуд намудани илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунар ва ниҳоят муҳайё намудани заминаҳои мусоид баҳри дар оянда ҳамчун ворисон ва меросбарони сазовори миллату халқи соҳибтамаддун ба воя расидани ҷавонон пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат таъкид ёфта, аз ҷумла дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардидааст: «Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз ищтирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, субботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистони арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.»

Ин боварӣ ва эътимоди Сарвари давлатамон ба ҷавонон имрўз аз ҳар як нафар ҷавон дар ҳамаи самтҳои фаъолият масъулияти баланди хештаншиносиро тақозо намуда, ҳар яки моро дар масъалаи истифодаи самараноки нерўи созандаи ҷавонон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва соҳибмаърифат, тарғибу ташвиқи пайвастаи донишандўзӣ ва камолоти ҷисмониву маънавии ҷавонон, тарзи ҳаёти солим, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ байни ҷавонон ва ҷомеа ҷиддан вазифадор менамояд.

Имрўз кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар фазои орому осоишта, сулҳу ваҳдат ба сўи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта, мардуми шарифи диёрамон дар шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо ба меҳнати фидокорона ва созандагиву бунёдкориҳои тоза камари ҳиммат бастааст. Бо боварии комил метавонам зикр намоям, ки ҳар яки мо бо сарбаландӣ ва ифтихор ҷашни бошукўҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас ва комёбиҳои шоиста сазовор истиқбол мегирем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон барои ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва созанда, татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ташаббусҳои созандаи ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, ҷавонон дар корҳои роҳбарии шохаҳои ҳокимият, истеҳсолоту тиҷорат, илму таҳсилот ва ғайраҳо пурсамар фаъолият доранд.

Дар арафаи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон орзуманди онам, ки ҳамеша бахти баланд ва саодати зиндагӣ ороишгари саҳифаҳои рўзгори дурахшони Шумо – ҷавонони шарафманди диёри соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошад.

Ба Шумо муваффақият ва нерўи созандаи ҷавонӣ орзумандам!