(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар ширхоргоҳ-кўдакистони №31-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти муштарак бо забони русӣ дар гуруҳи калони томактабӣ аз тарафи мураббия Мавзуна Раҳимова баргузор гардид.

Дар ҷараёни машғулият ба тасаввур ва зеҳни кўдакон оид ба чароғаки раҳнамо маълумоти васеъ манзур карда шуда, ба ин васила дониши кўдаконро оид ба қоидҳои ҳаракат дар роҳ ва аломатҳои ёридиҳанда мустаҳкам ва сайқал дода шуд.

Таъкид гардид, ки бояд ҳар шаҳрванди комилҳуқуқи ҷумҳурӣ пеш аз ҳама, ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузошта, бояд тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳро донад ва риояи онро бе чуну чаро дар амал татбиқ намояд. Дар навбати худ пиёдагардон, аз ҷумла наврасон аломатҳои роҳ ва тарзи убури роҳро бояд донанд.

Ҳамзамон дар ҷараёни машғулият шавқу ҳаваси кўдаконро ба фаъолияти мусавварӣ бедор намуда, фарҳанги зебоипарастӣ дар ниҳоди онҳо инкишоф дода шуд.

Ҷараёни машғулият аз ҷониби намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ва маъмурияти муассисаи таълимӣ мушоҳида ва ба сифати баргузории он баҳои баланд гузошта шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд