(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии гимназияи ба номи Ё.В. Гётеи шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор ва ба 33 нафар хатмкунандагони гимназия Дипломи стандарти байналмилалии DSD II такдим карда шуд.

Директори гимназияи ба номи Ё.В. Гётеи шаҳри Хуҷанд Фирўза Каримова чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, нахуст ҳамагонро бо Рўзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамеша ғамхорӣ зоҳир гардида, дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини Ҳукумати мамлакат муайян гардидааст.

Бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, стипендия ва ҷоизаҳои гуногун таъсис дода шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ZfA – хадамоти омўзиши забони олмонӣ дар хориҷа баъди хатми синфи 11 барои гирифтани Дипломи стандарти байналмилалии DSD II дараҷаи В2 ва С1 ба хонандагон мусоидат менамояд. Барои бомуваффақият супоридани ин имтиҳон аз давлати Олмон омўзгорони фаннӣ даъват карда мешаванд. Аз соли 2003 инҷониб омўзгорон Андреас Рамбахер (солҳои 2003-2005), Мартин Ризенер (2005-2007), Анна Мария Бергер (2007-2011), Винфред Шпан (2012-2019) дар гимназия фаъолият бурдаанд. Аз соли 2019 инҷониб кооридинатори ZfA дар Тоҷикистон Беата Лерке ва аз соли 2012 омўзгори фаннӣ Вибке Мандеги таъин карда шуданд, ки то ин дам фаъолият бурда истодаанд. Дар давоми фаъолияти Беата Лерке ва Вибке Мандеги гимназияи Гёте ба дастовардҳои назаррас расиданд, натиҷаи кори пурмаҳсули онҳо буд, ки аз соли 2007 то ин ҷониб 179 нафар хонандагон соҳиби Дипломи байналмилалии DSD II ва 282 нафар соҳиби Дипломи байналмилалии DSD I гаштанд. Ба ғайр аз ин ҳамасола хатмкунандагони гимназия ба гирифтани идрорпулии DAAD – хадамоти мубодилаи илмии донишҷўён ва идрорпулии Виадрина Фаст ноил мегарданд: соли 2009 – Ализода Мадина, Авезова Малика, соли 2012 – Каҳорова Шаҳло, соли 2013 – Мирова Фарзона (магистр), соли 2014 – Акилҷонова Нилуфар, Мирзоҷамшедзода Нафисахон, соли 2015 – Рахимов Рахим, Ишанхоҷаев Азизхон, Юсупов Фируз, соли 2016 – Каҳҳоров Мансурҷон, соли 2017 – Набиев Хуршед, Хазов Артём, соли 2018 – Набиев Муҳаммадҷон, соли 2019 – Артиков Дилшод, Ҳасанов Амидхон, соли 2020 – Акилова Фариза, Холикова Тахминахон, Раупов Махкамҷон, Холматова Шоҳина буданд.

Ин хонандагон ройгон дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Федеролии Олмон таҳсили худро давом дода истодаанд.

Соли ҷорӣ бошад ин идрорпулиро хатмкунандагон Саидҷон Бобоҷонов, Маҳинахон Осимова, Далер Батаев сазовор гардиданд. Ба ин хонандагон дар алоҳидагӣ 56 000 евро барои 5 соли таҳсилашон дар донишгоҳҳои дилхоҳашон идрорпулӣ ҷудо карда шудааст.

Айни ҳол Маҳинахон Осимова аллакай донишҷӯйи донишгоҳи тиббии ш. Вюрсбург, Саидҷон Бобоҷонов донишҷӯйи донишгоҳи педагогика ва психологияи ш. Хайделберг, Далер Батаев донишҷӯйи донишгоҳи иқтисодиёти шаҳри Франкфурт дар Одер мебошанд ва ҳуҷҷатҳои хешро тариқи фосилавӣ супоридаанд.

Сипас аз ҷониби кооридинатори ZfA дар Тоҷикистон Беата Лерке ва маъмурияти муассисаи таълимӣ ба 33 нафар хатмкунандагони гимназияи Гётеи шаҳри Хуҷанд Дипломи стандарти байналмилалии DSD II тақдим карда шуд, ки ҳамагон ба донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо барои дохилшавӣ ҳуҷҷатҳои хешро супориданд.

Барномаи фарҳангии фарогирии тараннумгари сулҳу дўстӣ ва муҳаббат ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд