(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар ширхоргоҳ-кўдакистони №32-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғиби қоидаҳои беҳдоштӣ, ҳифзи саломатӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти кушод аз тарбияи ҷисмонӣ таҳти унвони «Насли солим-миллати солим» дар гуруҳи омодагӣ ба мактаб гузаронида шуд.

Дар рафти машғулият кўдакон бо олами афсонавӣ ворид гардида, дар образҳои афсонавӣ нақшҳои гуногунро иҷро намуданд.

Дар лаҳзаҳои дамгирӣ кўдакони хушбахти даврони Истиқлолият дар бораи Ватани озод, сарзамини биҳиштосо, кўдакоони хушбахт шеърҳо қироат намуда, рақсу бозӣ намуданд.

Ҷараёни машғулият аз ҷониби намояндагони шуъбаи маориф ва маъмурияти муассиса мушоҳида ва баррасӣ карда шуд.

Зикр шуд, ки баргузории чунин машғулиятҳо дар замири тарбиятгирандагон ҳисси ватандўстиву ҳисси ифтихори миллиро тарбия намуда, бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва машғул шудан ба варзиш баҳри солиму сиҳатманд ба камол расидани онҳо мусоидат менамояд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд