(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони хатсайрҳои нақлиётӣ, намояндагони БДА, бахши нақлиёти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади риояи ҷидди талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии бемории короновирус, бахусус риояи гигиенаи ҷамъиятӣ мулоқот баргузор градид.

Тахмина Усмонова вохўриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали пайдоиш ва паҳншавии пандемияи бемории сироятии короновирус аз тамоми имконоту василаҳо истифода бурда, ҷиҳати рафъи он дар асоси дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои назарраси мусбат муяссар гардид. Табибони шуҳратёр дар он шабу рӯзҳо дар беморхонаҳои сироятӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда заҳмат кашиданд, намунаи баланди ватанпарварию инсондӯстӣ нишон дода, садоқати худро ба касби интихобнамудаашон исбот карданд. Натиҷаи заҳматҳои шабонарўзӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ҷори гардидани карантини нарм ва таҳаммулпазирии мардуми кишвар буд, ки давраи ҳассос ва мушкили беморӣ паси сар карда шуд.

Таъкид шуд, ки имрўзҳо низ вазъи эпидемологӣ дар шаҳри Хуҷанд зери назорати қатъии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ қарор гирифта, кормандони ин муассисаи тандурустӣ ҷиҳати пешгирӣ ва корҳои фаҳмондиҳӣ як қатор чорабиниҳоро пиёда намуда истодааст.

Ҳарчанд аз оғози соли равон ягон ҳолати сироятёбӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, он моро хушбин намесозад, зеро дар як қатор кишварҳои Аврупо ва давлатҳои ҳамсоя тамғаи нави бемории короновирус бошиддат паҳн шуда истодааст. Сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кўча баромадан ва масофаро риоя накардан дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ медонанд.

Мутаассифона имрўзҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳолати бениқоб савор шудани мусофирон ва бидуни ниқоб идора намудани нақлиётҳои ҷамъиятӣ аз тарафи ронандагон мушоҳида мерасад, ки он ба ҳолати ногувор оварда мерасонад.

Масъулинро зарур аст, ки сари ин масъала чора андешанд ва мо бояд хуб дарк намоем, ки саломатии мо дар дасти худамон аст. Ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, машғул шудан ба корҳои фоиданок, хушбин будан дар ҳаёт моро аз чанголи ҳамагуна беморӣ мераҳонад.

Мо набояд ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.

Мулоқот бо мубодилаи афкор ва пешниҳодоти мушахас анҷом пазируфт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд