(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба мумфаршкунии асосии роҳи кӯчаи Пахтакори маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонови маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд расман ҳусни оғоз бахшида шуд.

Дар маросими маъракаи мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бунёди садҳо адад иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Роҳбари вилоят гуфт, ки ин амали хайри мумфаршкунии роҳ дар заминаи дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамасола дар гӯшаву канори кишвар амалӣ карда мешавад.

Итилоъ дода шуд, ки роҳи кӯчаи Фирдавсӣ ки аз буриши кӯчаи Камоли Хуҷандӣ то сарҳади ҷанубии шаҳри Хуҷанд мерасад беш аз 1, 2 километр буда, паҳноии он ба ҳисоби миёна то 10 метр мебошад. Ҳаҷми умумии корҳо беш 12 000 метри мураббааъ мебошад. Фармоишгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчии корҳо Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд аст ва давоми 3 рӯз корҳои мумфаршкунӣ ба анҷом хоҳанд расид.

Раиси Шўрои бонувони маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов Хайринисова Темирова ва дигарон аз ин иқдомоти созандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд истиқболи гарм намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳамагон дар канор наистода, бо ҳамраъйии Давлату Ҳукумат диёри хешро то 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу мунаввар менамоянд.

Сипас, бо дуои неки пирони маҳалла ба мумфаршкунии асосии роҳ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки кӯчаи кӯчаи Пахтакори маҳаллаи Қорираҳмат Қурбоновии шаҳри Хуҷанд яке аз кӯчаҳои асосии маҳаллаи Пахтакор маҳсуб ёфта дар шафати он сокинони зиёд дар хонаҳои баландошёна ва ҳавлиҳо то марзи маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ менамоянд. Дар кӯчаи мазкур муассисаҳои соҳаи маориф, идораҳои давлатӣ, марказҳои савдо вуҷуд доранд. Кӯчаи мазкур дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал мумфарш карда мешавад. Солҳои охир муроҷиати мардум бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба харобии кӯчаи номбурда бештар ба назар мерасид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд