(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори варзиши Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур дар доираи чорабиниҳои Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни духтарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд.

Мусобиқа тибқи қоидаҳои амалкунадаи Федератсияи байналмилалӣ оид ба волейбол сурат гирифта, дар он 6 дастаҳои аз ҳисоби донишҷўдухтарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузории мусобиқа ин ривоҷу равнақ ва оммавӣ намудани намудҳои варзиш, аз ҷумла волейбол байни омма, ҷалби бештари наврасону ҷавонон алалхусус духтарон ба ин намуди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад.

Гуфта мешавад, ки маросими ҷамъбастии мусобиқа дар доираи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон сурат мегирад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд