(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар муассисаҳои томактабии шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни кўдакон пайваста тадбирҳо андешида мешавад.

Дар кўдакистони №37-и шаҳри Хуҷанд машғулияти кушод тахти унвони «Шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ» ташкил карда шуд ва кўдакон ба воситаи мураббиёнашон гўш ҳикояҳои хурд, маънидоди он, омўзиши луғат бо осори бадеӣ шинос гардиданд.

Ҳамчунин ба воситаи технологияи муосир ҷиҳати омўзиш ва азбарнамоии китобҳои бадеӣ машғулият гузаронида шуд.

Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми тоҷикон дар саросари олам боз ҳам боло рафт ва ҳамчун миллати тамаддунофар ва фарҳангӣ шинохта шуд. Дар ин давра, Сарвари хирадпешаи тоҷикон хишти давлатдории миллиро ниҳода, на танҳо анъанаҳои неки фарҳангию таърихии пешинаро дубора эҳё намуданд, балки рамзҳои миллиро барқарор карда, ба бунёди давлати миллию дунявӣ асос гузоштанд. Ташкил ва роҳандозии як қатор озмунҳои эҷодии ҷумҳуриявӣ барои ҷалби бештари китобхонон мусоидат намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд