(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ оид ба тирпарронӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки ин мусобиқа ҷиҳати ташаккули тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, таҳкими истиқлолият ва ободии Ватан, тарғиби тарзи ҳаёти солим мусобиқаи варзишӣ оид ба тирпарронӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд байни ҷавонони синни тодаъватии хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.

Тазаккур бояд дод, ки мусобиқаи варзишӣ бахшида ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он зиёда аз 60 нафар ҷавонон аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ширкат варзиданд.

Мусобиқаи варзишӣ дар толори варзишии “Тирпарронӣ” воқеъ дар маҳаллаи Мевағули микроноҳияи 13-ум гузаронида шуд. Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории мусобиқа ин оммавӣ гардонии варзиш, аз ҷумла намуди тирпарронӣ, ҷалби бештари наврасону ҷавонон алалхусус духтарон ба ин намуди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад.

Маросими ҷамъбастии мусобиқа дар рӯзҳои таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегаардад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд