(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Муассисаи таълими мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мусобиқаи варзишӣ тибқи қоидаҳои амалкунандаи Федератсияи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сурат гирифта, дар он ҷавонону наврасон аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ширкат варзиданд.

Дар он зиёда аз 30 нафар духтарон ва 50 нафар писарон, ки дар даври мактабӣ ғолибият ба даст оварда буданд, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш, мустаҳқам намудани алоқаи дӯстӣ байни ҷавонону наврасон ва дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ мебошад.

Ғолибони мусобиқа дар рўзҳои таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон мукофотонида мешаванд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд