(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги таърихии миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амфтеатри боғи фарҳанги фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар қисмати расмии чорабинӣ Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар чаҳорчўбаи силсилаи чорабиниҳои идонаи фарҳангии шаҳру ноҳияҳои кишвар, имрўз бо иштироки намояндагони шаҳри бостонии Хуҷанд дар шаҳри Душанбе сурат гирифта истодааст.Фараҳманд аз он ҳастем, ки ин чорабинии муҳим имрӯз дар ин мавзеи зебою бофароғати Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҷараён дорад. Ифтихорманд аз он ҳастем, ки имрўз аҳли фарҳанги Хуҷанди бостониамон дар пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ менамоянд.

Фирўза Нуруллозода афзуд, ки сокинони сарбаланди шаҳри бостонии Хуҷанд дар радифи бошандагони дигар манотиқи кишварамон кору фаъолият намуда, баҳри рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, болоравии сатҳи иҷтимоӣ - иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи кишварамон дар арсаи байналхалқӣ талош варзида истодаанд.

Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагиву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар амалӣ гардидани сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат маркази вилояти овозадорамон Суғд - шаҳри Хуҷанд симои худро рўз аз рўз дигар намуда, ба як шаҳри ободу зебо ва пешрафтаи кишварамон мубаддал гардида истодааст. Қобили зикр аст, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ аҳли ҳунару эҷод ва кормандони соҳаи фарҳанг низ ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кору эҷод намуда истодаанд. Бо як ҷаҳон орзуву таманноҳои нек аз соҳили дарёи Сир баҳратон барномаи консертиро, ки бозгӯи шукронаи даврони соҳибистиқлолии кишвари биҳиштосоямон ва шукуфоиву ободии Тоҷикистони азизамон мебошад, омода намудем.

Мавсума Муинӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе аҳли фарҳанги шаҳри Хуҷандро ба пойтахти мамлакат хайрамақдам намуда, барои шодиву сурур бахшидан ба сокинони шаҳр арзи миннатдорӣ намуд.

Сипас дастагули тозаи консертӣ бо ҳузур аҳли ҳунари шаҳри бостонии Хуҷанд пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахти Ватани маҳбубамон - шаҳри дилорову орзуҳо ва ҳамешаҷавони Душанбе гардонида шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд