(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар кўдакистони №14-и шаҳри Хуҷанд маҳфили тарбиявӣ таҳти унвони “Ман зодаи Тоҷикистонам” бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифт, ки ҳадаф ташаккули тасаввуроти кўдакон доир ба Ватани аҷдодии худ, мулки биҳиштосо-Тоҷикистони маҳбуб мебошад.

Тарбиятгирандагон ба воситаи харита, глобус, маҷмуъи расмҳо, маназарҳои дилфиреби Тоҷикистон ва дигар васоити техникӣ дар бораи Ватани худ маълумоти муфассал гирифтанд.

Ба хонандагон доир ба пойтахти Тоҷикистон, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ маълумот дода шуд.

Зикр гардид, ки мо фахр дорем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ умр ба сар мебарем.

Моро мебояд, ки Истиқлоли кишвари азизамонро чун гаҳвораки чашм нигоҳ дорем ва ватанамонро ободу зебо намоем.

Ватан ин маконест, ки мо дар ин ҷо ба дунё омадем, павариш ёфтем ва умр ба сар мебарем.

Ватан ин гузаштаи мо, таърихи мо ва имрўзи мо ва ҳамаи мо зодаи Тоҷикистонем.

Тоҷикистон бўстони меҳру муҳаббат, гулистони дўстиву рафоқат, баҳористони сулҳу ваҳдат аст.

Кўдакон бо шавқу завқ машғулиятро гузарониданд, ки дар натиҷа ҳисси миллӣ ва хештаншиносиашон ба Ватану сарзамини аҷдодияшон боз ҳам бештар шуд.

Машғулиятҳо аз ҷониби маъмурият ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр мушоҳида ва баҳогузорӣ карда шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд