(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 12 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногуни маркази маъмурии вилояти Суғд маъракаи васеи Дави миллӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва роҳбарони як қатор идораву ташкилотҳои вилоятиву шаҳрӣ дар ин маъракаи варзишӣ фаъолона иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз оғози Дави миллӣ баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки «Баргузор намудани чунин чорабиниҳои варзишӣ ба ҷисму рўҳи инсон нерўи нав мебахшад. Шуғл варзидан ба варзиш асоси комёбиҳо ва гарави асосии саломатии инсон аст. Мақсад аз баргузории ин рӯз таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар саросари мамлакат мебошад".

Сипас, маросими ифтитоҳи Дави миллӣ аз даромадгоҳи хиёбони Раҳим Ҷалил оғоз гардида, иштирокчиён тариқи ин хиёбон ва ба воситаи кўчаи Султон Умаров, купрўки нав ва хиёбони Раҳмон Набиев то майдони назди Парчами миллӣ миёни ҳам сабқат намуданд.

Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 ҳамасола дар саросари мамлакат Дави миллӣ доир карда мешавад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд