(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Варламов, роҳбарият ва устодони донишкада, олимони соҳаи иқтисодиёт конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Дурнамо ва омилҳои рушди устувори иқтисоди Россия ва Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дилафрўз Саидӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конфронсро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо зикр менамоянд, ки “Россия барои Тоҷикистон шарики табиии стратегӣ мебошад, ки ин муносибатҳо ҳамеша дар стратегияи сиёсати хориҷии мо ҷойгоҳи афзалиятнокро ишғол хоҳанд кард. Мо ба вазъи робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия, ки ба рушди устувори он робитаҳои наздик ва доимии сиёсӣ дар сатҳи олӣ мусоидат мекунанд, баҳои баланд медиҳем. Ҳамкории муассири кишварҳои мо дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ боз як намунаи шарикии эҷодии Тоҷикистон ва Русия мебошад. Боварӣ дорам, ки кишварҳои мо метавонанд муносибатҳои ҳамкории худро, ки ба манфиатҳои асосии ду давлат ва халқҳо ҷавобгӯ мебошанд, бо такони нави мусбат, хусусан дар соҳаи рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ пур кунанд ва онҳоро ба сифатан нав бароранд, ба сатҳе, ки ба потенсиали ғании мо мувофиқ аст. Мо азм дорем, ки барои ноил шудан ба ин саъй намоем”.

Дилафрўз Саидӣ ҳамчунин ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар низ ишора карда, таъкид дошт, ки барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия имрӯзҳо механизмҳои зиёди ҳамкорӣ вуҷуд доранд. Таъкид шуд, ки масоили вобаста ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарики калидии стратегӣ — Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса доштанд ва хоҳанд дошт. Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия ва зарурати идомаи талошҳои ҷонибҳоро ҷиҳати тавсеа бахшидан ба ҷанбаи тиҷоративу иқтисодии онҳо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ Сарони давлатҳо қарор доранд.Соҳаҳои энергетика, коркарди маъданҳо, комплекси агросаноатӣ ва дигар соҳаҳои бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси самтҳои ояндадори муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ шудаанд. Ҳамасола ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳарду кишвар низ таваҷҷуҳи лозима ҷалб мешаванд.

Дар баробари ин Русия ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо омӯзгорони забони русӣ, китобу воситаҳои таълимӣ, инчунин дар кишвар тавсеа бахшидан ба шабакаҳои макотиби таҳсилоти миёна ба забони русӣ ҳавасманд аст.

Дилафрўз Саидӣ гуфт, ки ба истиқболи 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори иқтисодӣ, профессор Абдушукур Назаров монографияи коллективӣ бо ҷалби устодони улуми иқтисодии Россияи ва Тоҷикистон марбут ба омилҳо ва дурнамои ҳамкории ин ду давлати стратегӣ таҳти унвони “Дурнамо ва омилҳои рушди устувори иқтисоди Россия ва Тоҷикистон” ба нашр раисд, ки он дар ҷараёни конфронс рўнамо мегардад.

Сипас дар ҷараёни конфронс Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд дар мавзӯи “Нақши ҳамкориҳои стратегии Россия ва Тоҷикистон дар рушди иқтисоди вилояти Суғд”, консули генералии ФР дар вилояти Суғд Андрей Варламов дар мавзӯи “Нақши монографияи коллективӣ “Дурнамо ва омилҳои рушди устувори иқтисоди Россия ва Тоҷикистон” дар рушди ҳамкориҳои стратегӣ байни Россия ва Тоҷикистон”, Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷменти ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ Абдушукур Назаров дар мавзӯи “Ташаккулёбии монографияи коллективии ““Дурнамо ва омилҳои рушди устувори иқтисоди Россия ва Тоҷикистон” , доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи ДДҲБСТ Абдулатиф Раҳимов дар мавзӯи “Баҳодиҳӣ ба монографияи коллективии олимони ФР ва ҶТ “Дурнамо ва омилҳои рушди устувори иқтисоди Россия ва Тоҷикистон”, директори Донишкадаи таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Елена Ялунина “Монографияи коллективӣ дар мавзӯи “Дурнамо ва омилҳои рушди устувори иқтисоди Россия ва Тоҷикистон”ҳамчун натиҷаи ҳамкориҳои олимони ФР ва ҶТ” маърўзаҳои илмӣ намуданд.

Кори конфронс дар бахшҳои алоҳида идома ёфт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд