(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни шаҳрии «Атласу адраси Хуҷанд - 2021» баргузор гардид, ки дар он тарроҳон ва донишҷўёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шащри Хуҷанд иштироки фаъолона намуда, панҷ мақоми ифтихориро ба даст оварданд.

Фествал-озмун аз рӯйи шартҳои: “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси расмӣ” ва “Беҳтарин либоси идона” “Беҳтарин либоси миллии арӯсию домодӣ” бо маҳсули эҷоди 20 тарроҳ ва зиёда аз 200 муаррифкунанда сурат гирифта, ғолибон муайян гардиданд.

Ҳамин тавр, Малика Умарова ва Шоҳина Ғафурова дар номинаи рўзмарра ҷойҳои 2 ва 3, Мусавварахон Саидвализода ва Нигора Болтубоева дар номинаи «Арўсиву домодӣ» мақоми 2 ва 3-юмро ба даст оварданд. Дар номинаи «Идона» Қурбоной Сатторова зинаи дуюмро касб намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд