(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани самарнокии сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондўстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рўзи байналмилаии ҳамширагони шафқат озмуни шаҳрии “Ҳамшираи шафқати беҳтарин” ташкил ва гузаронида шуд.

Ду гуруҳи дастаҳо: “Фариштагони мададгор” ва “Шифокор” байни худ аз рўйи шартҳои озмун дар рақобат шуданд. Ҳамшираҳои “Фариштагони мададгор” бо бартарияти зиёд ғолибиятро дар озмун ба даст оварданд.

Дастаҳое, ки ҷойҳои 1-ум ва 2-юм, ки аз ҷониби ҳайати ҳакамон ғолиб дониста шуданд бо ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ ба таври инфиродӣ қадрдонӣ карда шуданд. “Мураббии беҳтарини даста” низ бо ифтихорнома ва тўҳфаи хотиравӣ қадршиносӣ гардид.

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани озмун баланд бардоштани дараҷаи дониши тахассусии ҷавонону донишҷўён, дар сатҳи баланд расонидани ёрии аввалини тибби санитарӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, дарёфт ва дастгирӣ намудани ҷавонони соҳибистеъдод мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд