(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу амният ва оромию осоиштагии кишвар дар масоҷиди ҷомеаи шаҳр намози Иди саиди Фитрро хонданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масҷиди марказии Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, намозгузорон ва кулли мардуми вилояти Суғд, аз ҷумла Хуҷандшаҳрро бо Иди саиди Фитр табрику таҳният гуфтанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки ин иди шариф баёнгари беҳтарин арзишҳои олии инсонӣ - сабру таҳаммул, накўкорӣ, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат буда, ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон таҷлил мегардад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 12-уми апрели соли равон дар паёми табрикотии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, роҷеъ ба фазилатҳои ин моҳи муборак бамаврид таъкид намуданд: «Моҳи шарифи Рамазон дар баробари рӯзадорӣ моҳи озодагии рӯҳ ва имондориву тақво ба шумор рафта, вуҷуди инсонро аз ҳусни адабу маърифат ороста мегардонад.

Дар ин моҳ мусулмони комил фурӯтаниву шикастанафсиро пеша карда, хашму ғазабро аз худ дур месозад ва қалбашро ба макони меҳру муҳаббат табдил дода, бештар ба амали хайру савоб даст мезанад ва ба наздикону пайвандон, ҳамсояҳову дармондагон кўмак расонида, мушкили онҳоро осон мегардонад».

Дар ин моҳи муборак анҷом додани амалҳои неку писандида, дастгирии якдигар, таҳаммулпазирӣ, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷон кўмак намудан волотарин арзишҳои дини мубини ислом ва беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар касе, ки бештар некӣ намуда, бахшишу эҳсон мекунад ва дасти ятимону бепарасторонро мегирад, бешак рисолати олии инсониро ба ҷо меорад. Бинобар ин, чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, моро зарур аст, ки беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона меҳнат кунем, муҳимтар аз ҳама, дар чунин шароит ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем.

Таъкид гардид, ки солҳои охир маърифати шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорони саховатпешаву ашхоси олиҳиммат нисбати анҷом додани амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ, ки аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст, боло рафта, дастгирии ниёзмандон дар вилоят ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Дар анҷоми суханронии худ Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки соли 2021 тибқи таҳлилу пешгӯиҳои коршиносон бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ, бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла “Ковид – 19” мураккаб гардида, вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз печида гардида истодааст. Дар чунин шароит мо бояд тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳоро барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва захираи он сафарбар созем. Мо бояд дар мавсими киштукор, дар фикри истеҳсоли маҳсулот ва таъминоти аҳли оилаи худ бо маводи ғизоӣ бошем.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд