(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШаҳри Хуҷанди бостонӣ дар партави дастуру супоришҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо амалишавии иқдомҳои созандаву ободкоронаи шаҳрдорӣ ба яке аз шаҳрҳои зебову хуррам ва шукуфои минтақа табдил ёфта истодааст.

Бунёд ва ба истифодадиҳии иншооти таъиноташ гуногун, тарҳи нави кўчаву хиёбонҳои шаҳри бостониро боз ҳам зебову мунаввар намудааст.

Ҳамеша тоза нигоҳ доштани ду канори дарёи Сир аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ба сокинон ва меҳмонон мавзеъи хуби тамошо ва истироҳату фароғатро фароҳам овардааст.

Бо дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар арафи Иди Рамамазон ва сазовор истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми наҷибро таҳти унвони «Ободонии оромгоҳҳо» роҳандозӣ карда шуд. Бо мақсади ободу покиза нигоҳ доштани оромгоҳҳо, ки аз фазилатҳои неки инсонист, шаҳрдорӣ аз сокинони маҳаллаҳо даъват ба миён овард, ки дар ин кори хайр ширкат намуда, дар ободонию тоза нигоҳ доштани оромгоҳҳои шаҳр саҳм гузоранд.

Ин тадбири оммавӣ дар 16 адад оромгоҳҳои шаҳр роҳандозӣ шуда, ҳамовозии махсусеро миёни ҷомеа ба вуҷуд овард, зеро мардуми мо аз азал нисбат ба турбати гузаштагони худ эҳтироми хосса доранд.

Ин иқдом дар ҳолест, ки 13-уми майи соли равон мардуми кишварамон чун дигар мусулмонони кишварҳои ҷаҳон Иди Рамазонро таҷлил намуда, баъди намози Ид ба оромгоҳҳо рафта, ба рӯҳу арвоҳи гузаштагон дуои фотеҳа мехонанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд