(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБаҳри самарабахш омода намудани кӯдакон ба мактаб дар муассисаи томактабии №5 машғулияти кушоди намунавии «Саводомўзӣ» ташкил карда шуд.

Дар ҷараёни машғулият ба кўдакон ба воситаи шиносоӣ бо муҳит, тасаввуроти ҳарфу овоз, расмкашӣ ва дигар усули таълими саводомӯзӣ гузаронида шуд. Кӯдакон бо омўзиши ҳарфҳо барои сохтани ҳиҷо ва калима маҳорати хешро санҷиданд.

Хонандагон бо хондани шеъру суруд ва таронаҳо ба машғулият мазмуни нав бахшиданд.

Зимни таҳлили машғулият аз ҷониби мушоҳидачиёни он таъкид гардид, ки давраи саводомўзӣ барои кўдакон хеле муҳим буда, кўдак забони модариашро тавассути зарурияту талаботи дар ҷамъияту муҳит ҷой дошта, ки ифодаи фикр, ҳиссиёту ҳаяҷонҳои гуногунро тақозо мекунад, меомўзад. Муомилаву муошират дар ҷамъият тавассути унсурҳои умумгашаи забонӣ, аз қабили, калима, ибораву ҷумла ва дар тобишҳои маъноии гуногуни онҳо ифода меёбанд. Барои ҳалли масъалаи мазкур муассисаҳои таълимию тарбиявии яъне кўдакистонҳо мусоидат менамоянд.

Зикр гардид, ки мо баҳри тарбияи насли навраси босавод дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва садоқат ба Ватану Президенти мамлакат азм намоем. Зеро тарбия ва камоли ҷомеаи солим ба рушди давлатдории миллии мо оварда мерасонад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд