(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади таҳким ва тарғиби хештаншиносию худшиносии миллӣ дар муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушахас пайваста роҳандозӣ карда мешавад.

Субҳи имрӯз дар кўдакистони «Ғунчаи Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади муаррифии мамлакат, дўстдории Ватан ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони «Кишвари ман» баргузор гардид.

Аз ҷониби муррабиёни муассисаи томактабӣ ба воситаи айёният доир ба мавқеъи ҷуғрфӣ, ҳудуд ва минтақаҳои Тоҷикистони маҳбуб маълумоти муфассал дода шуд. Тарбиятгирандагон бо шавқу завқ роҷеъ ба шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо маълумотҳо гирифтанд.

Машғулият аз ҷониби маъмурияти муассиса, мураббиён ва намояндаи шуъбаи маориф мушоҳида ва ба сатҳи баргузории он баҳогузорӣ шуд.

Таъкид гардид, ки хештаншиносӣ яке аз хислатҳои асосии ҳар миллат аст ва инкишофи он дар ниҳоди кўдакон имкон медиҳад, ки баъди ба камолрасӣ дўстдориашон нисбат ба миллат афзуда, ба муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд ва эҳтироми Ватанро ба ҷой меоранд.

Зикр гардид, ки агар ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ифтихормандӣ аз мансубият ба нажоди созандаю бунёдкор ва соҳибтамаддун, инчунин масъулияти инсонию шаҳрвандии фарзандони баруманди халқи мо нисбат ба ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои гузаштагонашон намебуд, минбаъд ба давлатдорию девонсолорӣ, фарҳанги ҷаҳоншумул ва истиқлолияти миллӣ намерасидем.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд