(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода заҳматкашони ақибгоҳ Вера Трошина ва Абдушукур Саидовро аёдат намуда, бо фарораcии солгарди навбатии Иди Ғалаба табрику таҳният гуфта, ба эшон маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Фирдавс Шарифзода зимни суҳбати самимӣ бо собиқадорони ақибгоҳ аз хизматҳои шоёни онҳо дар назди Ватан тавсиф намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Давлату Ҳукумат корнома ва фидокориҳои чунин нафаронро аз иштирокчиёни ҶБВ солҳои 1941-1945 кам намедонанд. Зеро онҳо дар ҷабҳаи меҳнат барои ба даст овардани ғалабаи комил алайҳи фашистон шабонарўз кору фаъолият намуда, ба сафи пеши ҷабҳа қувваю илҳоми нав бахшиданд.

Аёдатшудагон барои таваҷҷуҳи доимӣ ва қадршиносии заҳматҳояшон ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки алҳол дар шаҳри Хуҷанд 12 нафар собиқадорони ақибгоҳи ҶБВ солҳои 1941-1945 умр ба сар мебаранд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд