(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади ошноӣ аз ҳолати ободонии кӯчаҳо, бахусус вазъи истифодабарии иншооту биноҳои баландошёнаи канори роҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ аз даромади шарқи шаҳр то меҳмонхонаи «Эҳсон» ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили бошукуҳи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин мавзеъҳо пиёда боздид амал овард.

Фирдавс Шарифзодаро дар ин боздид сардори мақомоти милитсияи шаҳр, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, директори генералии КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии комуналӣ»-и шаҳр бо сохторҳояш, раиси кумитаи маҳаллаи «Бофанда», роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамроҳӣ намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд нахуст аз вазъи даромадгоҳи хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр, ки бозгўйи ободонӣ ва муаррифии аслии ин шаҳри бостонӣ аст, дидан намуда, аз ҳолати нигоҳдошт ва истифодабарии нуқтаҳои савдою биноҳои баландошёнаи истиқоматии канори роҳ изҳори нигаронӣ карда, ба масъулини кӯча, раиси кумитаи маҳалла, соҳибмулкони мавзеъҳо ҷиҳати ободу хуррамгардонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои махсус оид ба рангубори намои мағозаву идораҳо, башаклдарории дарахтон, батартибдарории гулдонҳо, кишти гулҳои мавсимӣ, барқарор намудани ҷуйборҳои фарсудашуда, бунёди девораҳои қадди роҳ, батартибдарории пайроҳа, сафолакпўшии он, бартараф намудани иншооти ғайриқонунӣ ҷойгиргардида ва ғайраҳо дода шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҳолати ҷӯйборҳои канори роҳ, насби овезаву рекламаҳои гуногуни пур аз ғалат ва ноҷурии мағозаҳо, ки ҳусни шаҳрро коста менамуд, интиқод карда, супориш дод, ки фавран тамоми мағозаҳо ва нуқтаҳои савдои канори хиёбон ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ карда шавад.

Ба масъулини дахлдор супоришҳои қатъӣ дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкони иншооти номбурда дар муҳлати гузошташуда камбудиву эродҳои ошкоршуда бартараф гардида, ин гӯшаи шаҳрро дар қатори дигар кӯчаву маҳаллаҳо барои бошукуҳ ҷашн гирифтани идҳои миллӣ омода намоянд.

Дар анҷоми боздиди Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр ба иҷрокунандагон ва масъулин супориш дода шуд, ки то муҳлатҳои муйянгардида барои бо сифати баланд иҷро намудани вазифаҳою супоришҳои дар боло қайдшуда тадбирҳои мушаххас андешанд ва намою шукуҳи шаҳрро ба кулли дигаргун созанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд