(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўзҳо дар шаҳри Хуҷанд маъракаи ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани кормандони соҳаи тандурустӣ бо маром идома дорад.

Дар баробари дигар кормандони соҳаи тандурустии шаҳр, тамоми ҷомеаи меҳнатии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд. Онҳо дар утоқи махсуси иммунизатсиягузаронии кормандони соҳаи тиб ваксина гирифтанд.

Баъди гирифтани ваксина ба ҳар як нафар гувоҳномаи махсус дар бораи гузаронида шудани имуннизатсия бар зидди бемории COVID-19 супорида мешавад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки чанде қабл ваксинаҳо ба вакисонаторони марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд тақсим карда шуданд. Дар марҳилаи аввал кормандони соҳаи тиб, кормандони хоҷагидориву миёнаи соҳаи мазкур имуннизатсия карда мешавад. Шумораи онҳо дар шаҳри Хуҷанд 5 880 нафарро ташкил медиҳад.

Барои гузаронидани ин маърака дар шаҳри Хуҷанд 45 бригада таъсис дода шудааст, ки ҳамаи онҳо қаблан аз омўзиш гузаштаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки 8 марти соли 2021 дар чаҳорчӯби механизми Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ба қисми якуми ваксина дар ҳаҷми 192 000 воя тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бақияи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Бояд гуфт, ки тибқи нақша нахуст гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта мешаванд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд