(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаи 20 апрели соли 2021 дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ Фестивали шаҳрии “Сад ранги чакан” баргузор гардид.

Дар Фестивали мазкур 12 нафар донишҷӯдухтарони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат варзида, мақомҳои шоистаро касб намуданд.

Дар ин озмун донишҷӯи курси 1 ихтисоси экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, Меҳрангез Исмоилзода дар бахши “Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона” сазовори ҷойи аввал ва донишҷӯи курси 1 ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ Азиза Муҳиддинова дар бахши “Беҳтарин либоси рӯзмарра” сазовори ҷойи сеюм гардиданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд