(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз дили яке аз шахсони барўманди шаҳри бостонии Хуҷанд доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фаттоҳ Азизов дар синни 72 солагӣ аз тапидан бозмонд.

Мавсуф хатмкардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1971). Солҳои 1971 – 1973 таҷрибаомӯзи Институти иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон, 1973 – 1977 муҳаққиқи коромӯз ва аспиранти Институти марказии иқтисодиёту математикаи АИ СССР, 1977 – 1978 ходими хурди илмии Институти иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон, 1978 – 1997 муаллими калон, дотсент, профессор кафедраи «Назарияи иқтисодиёт»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд.Аз соли 1980 ҳамзамон директори Корхонаи илмӣ-истеҳсолии ҷумҳуриявии «Шамъ»-и (баъдан Ф. Азизов) Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Оид ба таҳлили бонизоми идораи истеҳсолоти саноатӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ, консепсияи таҳия ва такмили идораи истеҳсолоти кишоварзӣ, ҷанбаҳои минтақавии сиёсати хазинадорӣ ва дигар масъалаҳои иқтисодӣ беш аз 150 таълифот, аз он ҷумла 68 китоб, 8 рисола ва зиёда аз 83 мақолаи илмӣ ба табъ расондааст. Асарҳояш дар Россия, Хитой, Чехия, Словакия нашр шудаанд. Профессор фахрии Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Чехия (1994), профессор фахрии Донишкадаи забонҳои хориҷии Нинсяи ҶХХ (1998) мебошад. Иштирокдори конференсияҳои байналмилалӣ буд.

Рўҳаш шоду манзили охираташ обод бошад!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд