(6 овоз, миёна 3.83 аз 5)

Сокинони шаҳри Хуҷанд дар корҳои мумфаршкунӣ саҳм мегиранд.Ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мавриди тариқи ҳашар обод намудани кӯчаҳои маҳаллаҳои маркази вилоят аз ҷониби сокинон пайваста дастгирӣ меёбад. Чанде пеш бо чунин ташаббус сокинони кӯчаҳои ба номи Белинский ва Руставели ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири ба тариқи ҳашар асфалтпӯш намудани маҳалли зисташон муроҷиат намуда буданд. Бо дастгири Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд имрӯз дар кӯчаҳои номбурда корҳои мумфаршкунӣ оғоз ёфтанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар расми оғози корҳои ободонӣ дар ин кӯчаҳо иштирок намуда, барои дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати мумфарш намудани тамоми кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ва иҷроиши барномаи роҳҳои обод - «Соли 2014 - соли роҳҳои обод», ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ эълон шудааст, изҳори сипосмандӣ намуд. Аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода таъкид гардид.ки ин иқдомро сокинони маҳаллаҳои дигар низ пайравӣ хоҳанд кард.
Роҳсозон азм доранд давоми се рӯз кӯчаҳои мазкурро пурра мумфарш намуда, ба омода намудани кӯчаҳои дигари шаҳр барои мумфаршкунӣ шурӯъ хоҳанд кард.
Дарозии кӯчаҳои мазкур ҳар кадоми зиёда аз 200 метр буда, зиёда аз ҳазор метри мукааб асфалт дар ҳар кӯча хобонда хоҳад шуд.
Лозим ба ёдоварист,ки ҳоло дар 9 кӯчаҳои маркази вилоят корҳои мумфаршкунӣ идома ёфта, дар кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, ба номи М Хуҷандӣ ва Щарқ мумфаршкунӣ дар марҳилаи анҷомёбист.
То имрӯз наздики 9 километр кӯчаҳои шаҳр пурра асфалтпӯш гардида наздики 25 километри он аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд.
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд то интиҳои сол бояд 166 км роҳҳои шаҳр аз таъмир бароварда шаванд.
Ҳамчунин Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд ба кашидани хатҳои уфуқии кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд шурӯъ намуд.
Масофаи умумии азнавбарқарор намудани хати роҳ зиёда аз 8 километрро ташкил медиҳад.