(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд гиппермаркети «Ашан» кушода мешавад.Имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи ин кишварро, ки бо мақсади вусъати доираи фаъолият ба вилояти Суғд ташриф оварданд, мулоқоти расмӣ намуд.
Дар ҷараёни гуфтугӯи рӯ ба рӯ, ҷонибҳо масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маҳз ба туфайли ҳамин сиёсати ояндабини Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии мо сол то сол аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ рушд карда, таваҷҷӯҳи аксари ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолият дар ин минтақа бештар гардидааст. Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 15 ширкатҳои фаронсавӣ фаъолият мекунанд. Тадбири мазкур бошад, идомаи ҳамин ҳамкориҳо мебошад. Дар шаҳри Хуҷанд гиппермаркети «Ашан» кушода мешавад.Таъкид карда шуд, ки маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд, ки дар шоҳроҳи Абрешим қарор дорад, дар таърих ҳамчун маркази иқтисоду тиҷорат шинохта шудааст ва вилояти Суғд бо имкониятҳои фаровони иқтисодию иҷтимоӣ омодаи ҳамкориҳои судманд бо соҳибкорони хориҷӣ мебошад. Имрӯз дар вилоят 330 корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ амал мекунанд ва соҳаи кишоварзӣ чун самти афзалиятноки иқтисодиёт дар таъмини соҳаи саноат бо ашёи хоми хушсифат ҳиссагузор аст. Маҷмуан, дар ду соли оянда ба андозаи як миллиард доллари амрикоӣ ҷалби сармояи хориҷӣ ба вилоят дар назар дошта шудааст, ки аз беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ дарак медихад.
Эҳёи ҳунарҳои миллӣ аз қабили гилембофию сузанидӯзӣ, гузаронидани ислоҳоти замин ва ташкили хоҷагиҳои оилавию инфиродӣ аз тадбирҳое мебошанд, ки ба кам шудани раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони вилоят ва соҳиби кор шудани онҳо мусоидат кардааст. Бояд гуфт, ки дар қатори дигар соҳаҳо вилояти Суғд аз ҳамкорӣ бо соҳибкорони фаронсавӣ дар самти таъминоти кишоварзон бо техникаю таҷҳизот, ташкили марказҳои хизматрасонӣ, таъмини обу барқарор намудани хатҳои обрасонӣ ва баҳисобгирии он манфиатдор хоҳад буд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа аз пазироии гарми роҳбарияти вилоят изҳори қаноатмандӣ намуд ва гуфт, ки аз сафари чорумаш ба вилоят ва аз натиҷаҳои судманди ҳамкориҳои тарафайн умедвории калон дорад. Ҳоло корхои омодагӣ барои бунёди як коргоҳи ҷадиди истеҳсоли чархҳои резинӣ  барои нақлиёт  ва бунёди мағозаҳои ширкати «Ашан» дар маркази вилоят рафта истодааст. Ҷонибҳо бори дигар доири такҳким ва густариши робитаҳои тарафайн изҳори омодагӣ намуданд.