(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар кӯчаҳои «Дӯстии халқҳо» ва М.Хуҷандӣ мумфаршкунӣ идома дорад.Дар кӯчаҳои «Дӯстии халқҳо» ва ба номи М.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ бовусъат идома доранд. Аз ҷониби Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд барои сари вақт ба анҷом расондани корҳои асфалтхобонӣ ҳамарӯза 10 нафар кормандон дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо» роҳро тахту ҳамвор ва мумфарш менамоянд. Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем Роҳи мазкур, ки маҳаллаҳои собиқи 31-ум ва 32-юмро мепайвандад, яке аз роҳҳои таъмирталаби маркази вилоят маҳсуб мешуд.
Бо кӯмаку мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кӯчаи мазкур, ки наздики як километрро ташкил медиҳад, пурра асфалтпӯш карда мешавад. Пешбинӣ мешавад, ки роҳи мазкур то интиҳои ҳафта пурра аз таъмири хушсифат бароварда мешавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба кӯчаҳои номбурда омада аз рафти кори роҳсозон ошно шуд. Ҳангоми боздид аз рафти корҳои рафтаистода дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо» ба номи М.Хуҷандӣ Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарияти идораи роҳсозӣ дастур дод пеш аз ҳама ба сифати кор ва шароити кории коргарон эътибори махсус диҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳамвора дар 8 кӯчаю маҳаллаҳо корҳои таъмиру асфалтхобонӣ рафта истодааст.