(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи гӯштингирӣ паҳлавононро муайян намуд.

Дар Қасри варзишии «Ҷашнӣ» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнону румӣ байни калонсолон барои дарёфти ҷоизаи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзомуҳиддин Қутфиддинов баргузор гардид.
Мусобиқаи мазкур маротибаи чаҳорум аст, ки баргузор гашта мусобиыаи имсола 70 нафар варзишгарон аз минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд.
Ҳамсола бо кӯмаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои беҳтар намудани базаи моддиву техники мактабҳои варзишӣ диққати махсус дода мешавад. Соли сипаришуда ба варзишгарони намудҳои гӯштини самбо, дзюдо, юнону румӣ, тарзи озод, каратэ-до зиёда аз 200 либоси махсуси варзишӣ ба маблағи зиёда аз 40 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуд.
Ҳамчунин ба мактаби махсуси варзишии бачагон ва наврасон оид ба намудҳои гӯштин барои харидории як ҷиҳоз қолин барои гӯштин (татами) бо кӯмаки бевоситаи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода 18500 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Мусобикаи мазкур санаи 17-18 июн  идома ёфта, варзишгарон аз шаҳрҳои Душанбе вилояти Хатлон ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд дар он ширкат намуданд.
Ғолибони ин мусобиқаро мудири бахши ҷавонон  варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода табрик намуда тӯҳфаҳою ҷоизаҳои таъсис намудаи Раиси шаҳри Хуҷандро ба 32 нафар беҳтаринҳо супорид.
Ҳамчунин аз номи Мураббии шоистаи Ҷумьурии Тоҷикистон Мирзомуҳиддин Қутфиддинов ба унвони Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамачониба медали хотравии мусобиқа тақдим гардид.