(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Вохурии судманд.

Дар Маркази ҷавонони шаҳри Хуҷанд вохурии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майор Шариф Назаров ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷавонони фаъол, раисони кумитаи маҳаллаҳо, шӯрои занон, ходимони дин роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёна ва олии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Вохуриро Раиси шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки мақсади ин ҳамоиш ҷалб намудани тамоми фаъолон масъулон ва пеш аз ҳама волидайн ба вазъи ҷинояткорӣ, беҳтар намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳамчунин беҳтар намудани саҳми ҳар як шаҳрванд барои пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб аст.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майор Шариф Назаров зимни баромади худ изҳори нигаронии худро доири баланд гаштани сатҳи ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд ва аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд баён намуд.Назар ба маълумоти оморӣ наздик 25% ҷиноятҳо дар шаҳри Хуҷанд содир шудаанд. То ҳол 90 нафар сокинони маркази вилоят дар ҷустуҷӯ қарор доранд. “Новобаста ба мӯҳлати ҷиноят ҷинояткор дер ё зуд дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт. Таҷрибаи ду соли охири кормандони милиса ва ҳайати шахсии он дар мавриди ҷиноятҳое, ки 22 сол ва 10 сол қабл содир шуда буданду имрӯз ошкор намуданд, гувоҳи ин гуфтаҳо аст.Ҳамчунин пешгирӣ намудани 5 амали террористӣ, ки ҷониби тундгароён дар шаҳри Хуҷанд  пешбинӣ шуда буд, ҳар як шаҳрванди кишварро ба ҳушёрӣ водор менамояд”-гуфт Шариф Назаров.

Мавсуф диққати ҳозиронро ба он ҷалб намуд, ки агарчанде ҳолатҳои кӯмаки шаҳрвандон барои сари вақт кушодани ҷиноят мушоҳида мешавад, лекин ҳамоно бетарафии аксарияти сокинон ва фаъолони маҳалла ба мақсад мувофиқ нест. Дар баробари дигар ҷиноятҳо куштори хешу табор,роҳзанӣ, ҷинояткории занону ҷавондухтарону наврасон зиёд мегардад. Омилҳои зиёдшавии ин ҳолатро сардори Раёсат дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи насли навраси имрӯза кам эҳсос намудани бархе аз волидайн арзёбӣ намуд.
Генерал-майор Шариф Назаров ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои кушишҳои ҳамаҷонибаи мусоидати фаъолияти Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд изҳори сипос намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар баромади худ аз роҳбарони маҳаллаҳои шаҳр муассисаҳои таълимӣ даъват намуд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳукуқии шаҳрвандон, сари вақт расидагӣ намудан ба арзу дархости онҳо ва дар ҳамбастагӣ фаъолият бурдани онҳо бо нозирони минтақавӣ супоришҳои мушаххас дод.
“Дар баробари чанд нуктаҳои муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ мавриди пешгирӣ намудани ҳамгуна ҳолатҳои сар задани ҷиноят ва ҷинояткорӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “ Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” зикр гадид. Бинобар он ҳар як шаҳрванд новобаста аз мақоми ҷамъятии худ сари ин масала корҳои мушаххасро бояд ба анҷом расонад”-иброз дошт Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода.
Аз ҷониби бархе аз ширкаткунандагони вохурӣ доири фаъолияти нозирони минтақавӣ, ташкили суди сайёр дар маҳалҳо, ба тартиб овардани бозори марказии “Панҷшанбе” ва ғайра таклифу саволҳо пешниҳод гардид.